«Таронаи Ваҳдат» ҷамъбаст гардид
Душанбе, 15.08.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев гулчини барномаҳои Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс ва ансамблҳои фолклорию этнографӣ таҳти унвони «Таронаи Ваҳдат» бахшида ба ҷашни 3000 солагии Ҳисор доир гардид.
Ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Роғун, Тоҷикобод Файзобод, Ёвон, Муъминобод, Ишкошим барномаҳои беҳтарини худро пешкаши тамошобинон гардониданд. Муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов ҳамаи иштирокдорони фестивалро табрику таҳният гуфта, аз номи Вазорати фарҳанг иштирокдорони фаъолро бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломи фестивал сарфароз гардонид. Инчунин аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорон бо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки даври ҷамъбастӣ ва гулчини барномаҳои Фестивал-озмун аз 10 то 14 август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






