«Таронаи Ваҳдат» бахшида ба Ҳисори шодмон

Август 11, 2015 06:13

Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Шоми  10 август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  даври сеюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс ва ансамблҳои фолклорию-этнографӣ таҳти унвони «Таронаи Ваҳдат» бахшида ба ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисор дар байни шаҳри Роғун  ва ноҳияи Файзобод доир гардид.
Ҳунармандони Файзобод ва Роғун санъати волои хешро пешкаши тамошобинон ва ҳайати ҳакамон намуданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳунармандонро табрику таҳният гуфта, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои баланди санъат раҳнамун сохт.
 Имрӯз ҳунармандони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ёвон  маҳорати худро пешкаши тамошобинон мегардонанд. 14 август гулчини барномаҳои консертӣ доир мегардад ва  ҳайати ҳакамон ғолибони озмунро муайян хоҳанд кард. 

Август 11, 2015 06:13

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд