Ташаккули маърифати оиладорӣ
Хатлон, 01.08.2015. (АМИТ «Ховар», Анвари Неъмат).-Дар доираи таҷлили Соли оила бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти унвони «Ташаккули маърифати оиладорӣ-омили рушди устувори ҷомеъа» конфронс гузаронида шуд. Дар ҷамъомад намояндагони занон, кормандони шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ходимони дин ва устодони таҷрибадор аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ширкат доштанд. Иштирокдорон оид ба бузургии оила ва нақши он дар рушди ҷомеа, тарбияи дурусти фарзандон ва қадр кардани муқаддасоту арзишҳои инсонӣ ибрози ақида намуда, масъалаҳои муҳими рӯз, ба монанди шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, пешгирии хонавайронӣ ва дигар мушкилоти занонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Санавбар Самиева, раиси занони вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли равон дар вилояти Хатлон 13 ҳазору 525 тӯйи арусию домодӣ барпо шуда, 947 оила ҷудо гардидааст. Ҳарчанд дар қиёс бо соли гузашта дар ин шабу рӯз 89 ҳолати ҷудошавӣ кам аст, аммо масъалаи мазкур ташвишовар боқӣ мемонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






