Ташкили гурӯҳи пешоҳанг ба хотири таъмини амният
Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ сӯҳбати озоду самимии роҳбарияти ВКД бо ҷавонони фаъоли мамлакат доир гардид.
Ин вохӯрӣ бо ташаббуси мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, дар он донишҷӯёну ҷавонони пешсафу лаёқатманди шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҷамъ омаданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа, бахусус бо ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ, дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни хусусияти террористиву экстремистидошта, тақлид ба фарҳангҳои бегона, инчунин аз ҳисоби ҷавонон ташкил намудани гурӯҳи пешоҳанг (авангард) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯёну ҷавонон якчанд таклифу пешниҳодҳои муфид дар самти пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба гурӯҳи бо ном «Давлати Исломӣ»-и Ироқу Шом ва тарғиби фарҳанги миллӣ ироа гардида, аз ҷониби роҳбарият пазируфта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






