Ташрифи раиси Бонки мардумии Чин ба Тоҷикистон
Душанбе, 29.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Аз 30 август то 2 сентябри соли равон ҳайати гурӯҳи кории Бонки мардумии Чин ба Душанбе ташриф меорад. Ҳангоми сафар ҳайати мазкур масъалаҳои механизми ба роҳ мондани амалиёти СВОП (яъне табдил додани як асъор ба асъори дигар) бо намояндагони Бонки милли Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.
Илова бар ин, Гурӯҳи кории Бонки мардумии Чин бо мақсади рушди ҳамкории судманд бо низоми бонкии кишвар бо роҳбарони бонкҳои тиҷоратии кишвар вохӯриҳо анҷом хоҳад дод. Ҳамчунин, бо фаъолият ва дастовардҳои меҳнатии ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ ва чинӣ дар Тоҷикистон аз наздик ошно мешаванд.
Рӯзҳои 2 — 4 сентябри соли ҷорӣ бошад, ҳайати расмии Бонки мардумии Чин таҳти роҳбарии раиси ин бонк Жоу Сиаочуан ба Душанбе меояд. Дар ҷаҳорҷӯбаи сафари раиси Бонки мардумии Чин дар назар аст, ки Созишномаи СВОП байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Чин ба имзо расонида мешавад.
Ташрифи раиси Бонки мардумии Чин Жоу Сиаочуан, ки иқтисоди кишвари он аз лиҳози бузургӣ дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол менамояд, аз муносибати дӯстонаи кишвари ҳамсоя ва ҳусни таваҷҷуҳи он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти БМТ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






