Тоҷикистониҳо ба қадри сулҳу салоҳ мерасанд
Душанбе, 6.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Бо ибтикори роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, баррасии вазъи ҷаҳони муосир, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гурӯҳи махсуси ташвиқотию тарғиботӣ дар тамоми минтақаҳои шаҳри Турсунзода, вохӯриву сӯҳбатҳои судмандро мунтазам доир менамояд. Чунин вохӯрии муфид дар КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» низ бо коргарону муҳандисон ва фаъолони корхона барпо гардид.
Нотиқон ҳозиринро ба садоқатмандӣ ба Ватан ва расидан ба қадри сулҳу салоҳ даъват намуда, моҳияти созмонҳои террористӣ, мақсаду ҳадафҳои нопоки онҳоро бо асноду мисолҳои мушаххас баён намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






