Убайдуллоев хостори ҳимояи ҳуқуқҳои коргарон гардид
Душанбе, 18.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз Федератсияи Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ва Иттифоқҳои касабаи соҳавӣ даъват ба амал овард, ки санҷиши шароити кории кормандони тамоми субъектҳои хоҷагидори пойтахтро бо ҷалби дигар ниҳодҳои масъул оғоз намоянд. Раиси шаҳр таъкид намуд, ки санҷишро пеш аз ҳама дар корхонаҳои калони шаҳр шуруъ намуда, дар ҳамкорӣ бо корфармоён барои ҳимояи ҳуқуқи коллективҳои меҳнатӣ тадбирҳои судманд андешанд. М. Убайдуллоев масъалаи иҷрои рисолати касбӣ аз ҷониби иттифоқҳои касабаро дар самти ҳимояи ҳуқуқи кормандон ва ташкили шароити иҷтимоии корӣ дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ, ки бо ҳузури роҳбарони сохторҳои алоҳидаи масъули ҷумҳуриявию шаҳрӣ ва раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир гардид, матраҳ намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






