Унвонҳои КҶВС ба варзишгарон

Август 11, 2015 02:41

Душанбе, 11.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирӯз дар доираи чорабинии Рӯзи варзишгарон, ки 10-уми август дар  Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон доир гардид,  ба як қатор варзишгарону устодони соҳа унвонҳову сипосномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тақдим карда шуд. 
Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ, мутахассисону собиқадорони соҳаи варзиш ва ҷоизадорону ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ  иштирок доштанд. 
Масъулин ва собиқадорони соҳа оид ба дастоварду пешравиҳои соҳаи варзиш суханронӣ намуда, ба як қатор варзишгарон унвонҳои варзишӣ, ба собиқадорон кӯмакпулӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва ба кормандони соҳа, ки дар татбиқи сиёсати давлатии варзиш саҳми арзанда гузоштаанд, сипосномаи Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро  супориданд. 
Ҳамин тавр варзишгарон Вайсиддин Ибодов, Бахтиёр Гулов, Равзатуллоҳ Исоев, Мавлоншо Акобиров ва Меҳрубон Сангинов соҳиби унвонҳои устоди варзиш гардида, Дилором Каримова- муовини якуми ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Қосим Қурбонов-директори Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, Рустам Давлатов- директори мактаби гӯштин, Эркин Латипов, Элмурод Тағоев, Маҳмадшариф Сулаймонов- мураббиёни гуштини самбо, Дилшод Абдураҳимов, Баҳром Ишратов, Ҷамшед Ҳамроев, Зайдулло Имомалиев- кормандони дастгоҳи марказии Кумита бо сипосномаи Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ карда шуданд. 

 

Август 11, 2015 02:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд