Варзиш — зидди нашъамандӣ
Душанбе, 05.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Шурӯъ аз 5-ум то 9-уми августи соли равон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон дар осоишгоҳи «Садбарг»-и Вазорати корҳои дохилӣ машғулиятҳои дастаҷамъӣ ва гузаронидани лагери тобистонаи варзишгарон — кӯдакону наврасони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо», таҳти шиори «Варзиш — зидди нашъамандӣ» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, субҳи имрӯз, 70-нафар кӯдакону варзишгарони наврас, ки аз намудҳои таэквандо, гуштини юнону румӣ, самбо, дзюдо, шиноварӣ ва футбол дар маҷмааи варзишии «Динамо» машқу тамрин менамоянд, ба осоишгоҳи «Садбарг»-и Вазорати корҳои дохилӣ фиристода шуданд.
Дар ин рӯзҳо баргузории мусобиқаҳои дастаҷамъӣ аз намуди футбол ва варзиши сабук дар назар дошта, варзишгарони наврас ҳам ба истироҳату фароғат ва ҳам ба варзиш фаро гирифта мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






