Вазири корҳои дохилӣ ба шаҳри Турсунзода сафар кард
Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенант Рамазон Раҳимзода ба қисми низомии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, воқеъ дар шаҳри Турсунзода сафар карда, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар ин қисми низомӣ дидан намуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» итилоъ дода шуд, дар қисми низомии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД барои беҳтар намудани шароити хизмати сарбозону афсарон ва ба талаботи замона ҷавобгӯ гардонидани он корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру таҷдид бомаром идома доранд.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ бо сарбозону афсарони қисми низомии мазкур вохӯрӣ анҷом дода, бо шароити хизмати онҳо аз наздик шинос шуд.
Таъкид шуд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои беҳтар кардани шароити хизмати афсарону сарбозони қисмҳои низомии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд, то ин ки фарзандони халқ дар шароити мусоид хизмати Ватан-Модарро содиқона ва сарбаландона иҷро кунанд.
«Рамазон Раҳимзода барои бо сифати баланд ва дар мӯҳлати муайяншуда анҷом додани таъмиру таҷдиди казармаҳо, майдончаҳои варзишӣ ва кабудизор кардани гирду атрофи биноҳо ва минтақаҳои хизматӣ, боз ҳам зебо гардонидани саҳни ҳавлии қисми низомӣ ба масъулин дастуру супоришҳои иловагӣ дод», — гуфт корманди маркази матбуоти ВКД ҶТ Хисрав Солеҳов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






