Вохӯрӣ бо занону ҷавондухтарон дар ноҳияи Фархор

Август 22, 2015 06:11

Душанбе,  22.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо иштироки Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Самариддин Асоев ва мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо занон ва оила Сафаргул Бухориева  вохӯриҳо баргузор гардиданд.
Зимни вохӯрӣ бо занону ҷавондухтарони маркази ноҳияи Фархор,ҷамоати деҳоти Зафар, ҷамоати деҳоти Деҳқонлоиқ аз ҷаҳду талошҳои Сарвари мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри рушду нумӯи ин минтақа, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақа суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки чун соли 2015 бо ибтикори Президенти кишвар «Соли Оила» эълон гардидааст, оилаи ҳар яки мо бояд солиму бенуқсон ва барои дигарон намунаи ибрат бошад. 
Ҳамчунин дар хусуси  тарбияи хуби фарзандон дар муҳити оилавӣ, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ парваридани  наврасону ҷавонон, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намудани сокинони минтақа суханронӣ карда шуд.Ҷиҳати шомилшавии занон ба гурӯҳҳои ифротгаро, рӯ овардани занону ҷавондухтарони мо ба фарҳанг ва либоспӯшии бегона, ҷой доштани зӯроварӣ ва хушунат дар оилаҳо, сӯҳбатҳо баргузор гардиданд. 

 

Август 22, 2015 06:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!