Вохӯрӣ бо занону ҷавондухтарон дар ноҳияи Фархор
Душанбе, 22.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо иштироки Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Самариддин Асоев ва мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо занон ва оила Сафаргул Бухориева вохӯриҳо баргузор гардиданд.
Зимни вохӯрӣ бо занону ҷавондухтарони маркази ноҳияи Фархор,ҷамоати деҳоти Зафар, ҷамоати деҳоти Деҳқонлоиқ аз ҷаҳду талошҳои Сарвари мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумӯи ин минтақа, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақа суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки чун соли 2015 бо ибтикори Президенти кишвар «Соли Оила» эълон гардидааст, оилаи ҳар яки мо бояд солиму бенуқсон ва барои дигарон намунаи ибрат бошад.
Ҳамчунин дар хусуси тарбияи хуби фарзандон дар муҳити оилавӣ, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ парваридани наврасону ҷавонон, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намудани сокинони минтақа суханронӣ карда шуд.Ҷиҳати шомилшавии занон ба гурӯҳҳои ифротгаро, рӯ овардани занону ҷавондухтарони мо ба фарҳанг ва либоспӯшии бегона, ҷой доштани зӯроварӣ ва хушунат дар оилаҳо, сӯҳбатҳо баргузор гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






