Вохӯриҳои созанда бо сокинони пойтахт

Август 6, 2015 06:15

Душанбе, 06.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои якҷояи кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан миёни сокинон ва ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. 
Тибқи нақшаи муштарак аз 1 июл то 1 ноябри соли ҷорӣ чорабиниҳо дар маҳаллаҳои ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи роҳбарияти Кумита дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ бо сокинон ва ҷавонон доир карда мешаванд. 
Наврӯз Қурбонов, Мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  чунин хабар дод, ки то имрӯз масъулини Кумита дар маҳаллаҳои Шафақ, Ҳабибулло Назаров, Сурхоб, Аҳрорӣ, Нодира, Заҳматобод, Амиршоев, М.Холов ва Шафтолузори ноҳияи И.Сомонӣ ва маҳаллаҳои 3 ноҳияи дигари пойтахт  вохӯрию мулоқот доир намуданд, ки ин иқдом барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои умумимиллӣ ва эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ақидаҳои бегона таъсири мусбат расонидааст. 
Ба иттилои мавсуф, дирӯз чунин як мулоқоти созанда дар биноҳои баландошёнаи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо сокинону истиқоматкунандагони маҳалла доир карда шуд, ки дар он муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Аббос Саймуддинов, намояндаи ҳукумати ноҳияи И. Сомонӣ ва раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе иштирок намуданд. 
Масъулин вобаста ба масъалаҳои тозагии гирду атрофи маҳал, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар масоили мавриди назар бо сокинон суҳбат намуданд.  

 

Август 6, 2015 06:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!