Восеъ: Омодагии мактабҳо ба соли хониш
Восеъ, 19.08.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов)- Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониши 2015-2016 омодагӣ мебинанд. Роҳбарият ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимӣ корҳои таъмириро ба анҷом расонида, ба муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳо машғуланд. Дар муассисаҳои таълимӣ қисми зиёди корҳои таъмирӣ аз ҳисоби маблағҳои ассотсиатсияи волидайн ба анҷом мерасанд. Пардохти Раёсати молияи ноҳия ба муассисаҳои таълимӣ 216 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад. Ёдрас мешавем, ки ноҳияи Восеъ дар минтақаи Кӯлоб яке аз ноҳияҳои калонтарин ба шумор меравад ва дар он 72 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






