Якумин олимпиадаи байналмилалии Ҳаракати олимпӣ миёни ҷавонони ИДМ дар Тоҷикистон

Август 20, 2015 07:04

Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Аз 24 то 29 августи соли ҷорӣ бо ташаббуси Академияи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Хазинаи байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ байни давлатҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе  якумин Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба Ҳаракати олимпӣ байни ҷавонони ин давлатҳо баргузор мегардад. 
Наздик ба 60 нафар иштирокдорони Олимпиада, ки ҷавондухтарон ва ҷавонписарони синни  аз 18 то 25 соларо ташкил медиҳанд, аз 8 ҷумҳуриҳои ИДМ -Армения, Белорусия, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Украина ва Ўзбекистон дар ин чорабинӣ иштирок менамоянд. 
Мақсади Олимпиада ин омўзиши ҳаматарафаи таърихи пайдоиш ва рушди Ҳаракати олимпӣ, ақидаҳои асосӣ, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкорӣ ва сулҳу дўстӣ байни  миллатҳои давлатҳои аъзо мебошад. 
Ба Барномаи Олимпиада  тест (250 савол) оид  ба таърихи рушди Ҳаракати олимпӣ, аз таърихи дунёи қадим то имрўз ва мусобиқаҳо аз панҷ намуди варзиш: дав  дар масофаи 100 метр, дав дар масофаи  1000 метр, ҷаҳиш, дар турник боло бардоштан (ҷавонон) ва афшурдан аз курсӣ (духтарон), инчунин  усутвории  пресси бадан дохил мешаванд. 
Ба ғолибон, ҳам мутлақан ва ҳам дар санҷиши даставӣ медалҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.

 

Август 20, 2015 07:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!