Захираи хўроки чорво
Душанбе, 18.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати чорводорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ маъракаи захираи хўроки чорво муташаккилона идома дорад.
Тавре аз Вазорати кишоварзии иттилоъ доданд, имсол дар ҷумҳурӣ ба миқдори 1млн.147,5 ҳазор тонна хўроки дурушти чорво бояд захира шавад. То 10 августи соли равон дар корхонаҳои чорводории ҷумҳурӣ ба миқдори 1027872 тонна хўроки дурушт захира карда шудааст, ки 89,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Захираи хўроки чорво нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47171 тонна зиёд аст.
Нақшаи хўроки ширадори чорво имсол дар ҷумҳурӣ 102215 тоннаро ташкил медиҳад. То 10 августи соли 2015 ба миқдори 13107 тонна хўроки ширадори чорво захира шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 3485 тонна кам мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






