Захираи хўроки чорво

Август 4, 2015 10:17

Душанбе, 04.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати чорводорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ маъракаи захира кардани хўроки чорво муташаккилона идома дорад. 
Тибқи дурнамои Вазорати кишоварзии кишвар имсол дар ҷумҳурӣ бояд ба миқдори 1млн.147,5ҳазор тонна хӯроки дурушти чорво захира карда шавад. То санаи 31.07.2015 дар корхонаҳои чорводории ҷумҳурӣ ба миқдори 865205 тонна хўроки дурушт захира шудааст, ки 75,4 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Захираи хуроки чорво нисбат баҳамин давраи соли гузашта 26822 тонна зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ, тибқи дурнамо захираи хӯроки ширадори чорво имсол дар ҷумҳурӣ 102215 тоннаро ташкил хоҳад дод. То санаи 31.07.2015 ба миқдори 5165 тонна хӯроки ширадори чорво захира карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 652 тонна зиёд аст.

 

Август 4, 2015 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд