29 ҷангии «Толибон» дар ду ноҳияи Афғонистон нобуд карда шуданд
Душанбе, 22.09.2015 (АМИТ «Ховар») .- Чанде пеш дар ноҳияи Чарчинои вилояти Урузгон «Толибон» ба пойгоҳи артиши миллии Афғонистон ҳамла карданд, вале ин ҳамла бомуваффақият баргардонида шуд. Дар ин бора хабаргузории «Пажвок» иттилоъ медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, бар асари даргирӣ 23 нафар ҷангӣ нобуд ва беш аз 8 нафари онҳо захмӣ карда шуданд. Ягон нафар аз ҷониби намояндагони полис дар ин даргирӣ осеб надиданд. Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Деравуди ҳамин вилоят амалиёти муштараки нерӯҳои Афғонистон ва эътилоф сурат гирифт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ 6 ҷангии ифротии «Толибон», аз ҷумла фармондеҳи «Толибон» Гул Оғо ва 5 тобеи ӯ маҳв карда шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






