312 хоҷагӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид
Душанбе, 22.09.2015, (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Бо мақсади аз минтақаҳои хавфнок кӯчонидани 350 хоҷагии муҳоҷири экологии ин мавзеъҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, то 21 сентябри соли 2015 аз минтақаҳои хавфноки экологӣ 312 хоҷагӣ, аз ҷумла аз вилояти Бадахшон-34 хоҷагӣ, вилояти Суғд — 55 хоҷагӣ, вилояти Хатлон — 161 хоҷагӣ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 62 хоҷагӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин гардиданд.
Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷират А.Қодирӣ, дар айни замон сардорони хоҷагиҳо ба корҳои сохтмони манзили истиқоматӣ машғул мебошанд.
Сардорони хоҷагиҳои бо қитъаи замин таъмин гардида, аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират бо қарзи имтиёзнок ва кумаки якдаъфаинаи моддӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин гардидаанд.
Инчунин якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирони дохилӣ то 21 сентябри соли 2015 дар мавзеъҳои интихобгардида 459 сардори оила бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид, ки ҳоло корҳои сохтмони манзили истиқоматӣ аз ҷониби муҳоҷирон идома доранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






