4064 сокини Ҷиргатол дар муҳоҷират аст
Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Тавре ки сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдулоҳи Қодирӣ иттилоъ дод, 4064 сокини ноҳияи Ҷиргатол дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст. То 20-уми сентябри соли 2015 ба шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷиргатол 631 шаҳрванд, аз ҷумла 7 нафар зан муроҷиат кардааст. Аз ин шумора рӯйхати 212 нафар ба шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои мусоидат намудан пешниҳод гардид.
Бояд зикр намуд, ки аз шумораи умумии 212 сокини ноҳияи Ҷиргатол 11 нафар ба кори доимӣ, 36 нафар ба курсҳои касбомўзӣ, 15 нафар бо корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардида, 1 нафар ба корҳои фардӣ (соҳибкорӣ) сафарбар карда шуда, шаҳрвандони дигар бо корҳои мавсимӣ машғул мебошанд.
Дар ҳамкорӣ бо Ассотсиасияи «Сурхоб» ва бо дастгирии ТБМ ба 7 оилаи муҳоҷири меҳнатӣ, ки воридшавии онҳо ба ФР манъ шудааст, дар ҳаҷми 070 га дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдон замин барои кишти картошка ҷудо карда шуда, барои хароҷоти кишти картошка ба маблағи 8654 сомонӣ ройгон тақдим шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






