78 ҷангии толибон дар амалиёти НМА кушта шуд
Душанбе, 16.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар натиҷаи амалиёти поксозии неруҳои миллии Афғонистон (НМА), ки дар чанде аз манотиқи ин кишвар гузаронида шуд, 78 ҷангии толибон маҳв гардид.
Бино ба иттилои хабаргузории «Бохтар», амалиёти безараргардонии силоҳбадастон дар музофотҳои Пактиё, Нангарҳор, Кунар, Лағмон, Хуст, Пактико, Қандаҳор, Урузгон ва Дайкундии Афғонистон гузаронида шуданд. Дар натиҷа 78 ҷангӣ кушта, 42 нафар захмӣ ва 6 тани дигар дастгир шуданд.
Зимни амалиёт миқдори зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, ҳамчунин дигар намуди техникаи ҳарбӣ дарёб ва мусодира гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






