800 миллион сомонӣ барои ободиву пешрафти шаҳри Турсунзода
Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар давоми 10 соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои ободиву пешрафти шаҳр зиёда аз 800 миллион сомонӣ ҷудо гардида, маблағҳои зикршуда ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншооти таъйиноти гуногун, сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳо равона гардидаанд. Дар ин бора Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони шаҳри Турсунзода изҳор дошт.
Ба иттилои Сарвари давлат аз соли 2004 то имрӯз дар шаҳри Турсунзода 5 лоиҳаи муштараки сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 230 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, аз он се лоиҳа ба маблағи 180 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.
Ҳоло дар самти беҳбудии инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини аҳолии шаҳр бо оби ошомиданӣ ду лоиҳа ба маблағи беш аз 50 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати рушди шаҳри Турсунзода имсол бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2015-2019” қабул гардид, ки дар он татбиқи 173 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти шаҳр ба маблағи умумии 545 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
“Як нуктаро мехоҳам махсус зикр намоям, ки дар барномаи мазкур афзалияти бештар маҳз ба таҳкими иқтидори соҳаҳои воқеии иқтисодиёти шаҳр дода шудааст, зеро 106 лоиҳа ба маблағи 499 миллион сомонӣ ё 92 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои пешбинигардида ба бахшҳои воқеии иқтисодиёти шаҳр рост меояд”, — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






