«Адиб» «Сурудҳои мардумии Кӯлоб» -ро нашр намуд
Душанбе, 07.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Адиб» китоберо зери унвони «Сурудҳои мардумии Кӯлоб» аз чоп баровард.
Ин китоб ба ифтихори гиромидошти 700-солагии шоир, ориф ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ҳамчун шаҳри фарҳангӣ унвон гирифтани Кӯлоби бостонӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зери назари Абдуҷаббор Раҳмонзода- академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир гардидааст.
Шоирон Давлат Сафар ва Гурез Сафар муратиббони китоби «Сурудҳои мардумии Кӯлоб» буда, шоир Хайрандеш муҳаррираш аст.
Дар китоби «Сурудҳои мардумии Кӯлоб» беҳтарин намунаҳои рӯбоӣ, дубайтӣ ва сурудҳои халқӣ, инчунин сурудҳои шоирони минтақаи Кӯлоб, ки дар ҳавои сурудҳои халқӣ эҷод шудаанд, гирд оварда шудааст.
Дар китоб ҳамзамон расми бонувони ҳунарманду чаканпӯши Кӯлоби бостон инъикос гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






