Афғонистон: Дар давоми 2 рӯз 148 ҷангӣ безарар ва захмӣ карда шуд
Душанбе, 05.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба гузориши Вазорати дифои Афғонистон, дар тозатарин амалиёт, ки дар 18 музофоти ин кишвар гузаронида шуд 148 ҷангӣ маҳв ва захмӣ гардид.
Дар гузориш омадааст, ки амалиёт дар музофотҳои Кунар, Ғазнӣ, Лоғар, Пактиё, Пактико, Хуст, Қандаҳор, Урузғон, Дайкундӣ, Зобул, Ғор, Фароҳ, Бағлон, Сари Пул, Қундуз, Форёб, Тахор ва Ҳилманд гузаронида шуд. Дар натиҷа 77 ҷангӣ маҳв гардида, 71 тани дигар ҷароҳат бардоштааст. Ҳамчунин зимни амалиёт 8 ҷангии дигар боздошт шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






