Қайроққум: Корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқӣ ифтитоҳ ёфт
Душанбе, 16.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шаҳри Қайроққум бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ корхонаи нави саноатии ҶДММ «Суғдкабел» ифтитоҳ ёфт. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли навъҳои гуногуни ноқилҳои барқӣ машғул хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки ин аввалин коргоҳи истеҳсоли ноқили барқӣ дар ҷумҳурӣ аст, ки бо истифода аз миси хушсифат ноқилҳои пуриқтидор истеҳсол мекунад. То ин дам чунин ноқилҳо аз алюминий сохта мешуданд. Ноқилҳои мисин аз ҳар ҷиҳат тобовар ва барои истифода бехатар низ мебошанд.
Дар коргоҳи ноқилсозӣ таҷҳизоти муосири чинӣ насб шудаанд. Ашёи хом — мис ва рӯйпуши ноқилҳоро корхона аз Эрон дастрас мекунад. Дар корхона 12 нафар бо кор таъмин шуда, дар оянда доираи фаъолияти корхона васеъ мегардад ва теъдоди коргарон низ меафзояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






