Аксарияти нерӯгоҳҳои хурди ҷумҳурӣ кор намекунанд
Душанбе, 25.09.15. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар ҷумҳурӣ бештар аз 300 нерӯгоҳи хурд бунёд шуда, қисми зиёди онҳо кор намекунанд. Дар нимсолаи аввали соли равон тавассути нерӯгоҳҳои хурд ҳамагӣ 12.1 миллион киловатт — соат нерӯи барқ тавлид шуд. Аз шумораи умумии чунин нерӯгоҳҳо 16 — тои он дар баланси Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи холдингии «Барқи тоҷик» қарор дошта, онҳо дар нимаи аввали соли равон беш аз 3,7 миллион киловатт — соат нерӯи барқ тавлид кардаанд.
Мувофиқи маълумоти Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши энергетика», сохтмони нерӯгоҳҳои хурди ҷумҳурӣ асосан дар деҳот ва деҳаҳои душворгузари кишвар сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаи соли 2014 теъдоди нерӯгоҳҳои хурди кишвар 316 ададро ташкил дод, ки иқтидори умумии онҳо баробари беш аз 25 мегаватт аст. Аз ҷумлаи нерӯгоҳҳои хурди зикршуда дар фасли зимистон фақат 60 ададаш фаъол буда, боқимондаашон кор намекунанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






