Ҷалби зиёда аз 11 ҳазор шаҳрванд ба касбу забономӯзӣ
Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар маҷмӯъ 11 ҳазору 731 шаҳрванд аз ҷониби муассисаҳои таълимии давлатию хусусӣ ба касбу забономӯзӣ ҷалб гардиданд. Аз ҷумла, дар ин давра 6273 нафар касб ва 1485 нафар забон омӯхт. Ҳамчунин 3241 нафар барои такмили малакаи касбӣ шаҳодатнома гирифт.
Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Қодирӣ, дар самти ҷалб намудани шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба омӯзиши касбу забон ва шаҳодатномакунонии малакаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд-1167 нафар, Конибодом- 1570 нафар, Истаравшан- 2266 нафар, Исфара- 1392 нафар ва Бобоҷон Ғафуров-894 нафар пешсаф мебошанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






