Александр Лукашенко барои иштирок дар ҷаласаи СААД ба Тоҷикистон омад
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Бегоҳии имрӯз Президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон ташриф овард. Ӯ фардо, 15 сентябр дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок хоҳад кард.
Президенти Беларус Александр Лукашенкоро дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 15 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СААД доир мегардад. Давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аъзои ин созмон мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






