Ҳалокати пиёдагард ва велосипедрон бар асари садама
Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Ронандаи мошини тамғаи Опел-Астра, сокини 29-солаи ноҳияи Ҳисор рӯзи 27 сентябр ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Шарора ба самти маркази ноҳияи Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Ниёгони ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди 18-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона фавтидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи трактори тамғаи Т-40, сокини 49-солаи ноҳияи Данғара ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди деҳаи Нурбахши ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрони 13-сола, сокини деҳаи номбурдаро зер намудааст.
Дар натиҷа велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ВКД хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






