Ҷамъбасти озмуни «Рӯдакихонӣ» дар Хуҷанд
Душанбе, 23.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Шоми дирӯз, 22 сентябр дар Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанди маркази вилоят дар чаҳорчӯбаи таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ даври вилоятии озмуни «Рӯдакихонӣ» баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур 33 нафар наврасону ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Қайроққум, Мастчоҳ, Айнӣ, Ашт ва ғайра иштирок доштанд.
Дар озмун Раҳимҷон Бобоҷонов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷои аввал, Фурӯзон Бобоев аз ноҳияи Зафаробод ба гирифтани ҷои дуюм ва Иқбол Илҳомзода аз шаҳри Конибодом ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф гардиданд. Ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои Раёсати фарҳанги вилоят сарфароз гардонида шуданд.
Ҳадаф аз гузаронидани озмуни мазкур дарёфти истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа мебошанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






