Ҳамкории Бонки миллӣ бо созмонҳои молиявии байналхалқӣ
Душанбе, 24.09.2015, (АМИТ «Ховар»). Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Агентии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ, Корпоратсияи молиявии байналхалқӣ, Котиботи давлатии Швейтсария оид ба муносибатҳои иқтисодӣ ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ мулоқот баргузор намуд. Дар рафти мулоқот масъалаи дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба барои ҷалб ва амалӣ кардани кумакҳои техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳамкории ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ бо низоми бонкии Тоҷикистон сол то сол беҳтар шуда, дастгирии молиявии онҳо дар ташаккулёбии сохтори бонкии мамлакат назаррас мебошад. Сипас намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ бо Стратегияи солимгардонии молиявии Бонки миллии Тоҷикистон шинос гардонида шуда, қайд карда шуд, ки барои амалӣ намудани дурнамои рушди бонк ҷалби кумакҳои техникии ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ зарур мебошад.
Намояндагони ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ дар навбати худ иброз доштанд, ки Стратегияи солимгардонии молиявии Бонки миллии Тоҷикистон санади муҳим ва саривақтӣ буда, масъалаи пешниҳод намудани кӯмакҳои техникиро бо ташкилотҳои худ дар якҷоягӣ баррасӣ хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






