Андешаҳои Мавлоно пулест дар табодули фарҳанг байни Шарқу Ғарб
Душанбе, 30.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Андешаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар бораи ҷомеа ва мақоми инсон дар он, давлат ва давлатдорӣ, рисолати махсуси инсон дар ҷомеа, ки иборат аз донистан, шинохтани худ ва ҷаҳон аст, имрӯз ҳам арзиши худро гум накардаанд, зеро андешаҳои шоир инсонро ба ваҳдат, якпорчагӣ, камолоти маънавӣ, башардӯстӣ ва таҳаммулгароӣ раҳнамун месозанд». Ин нукта зимни баргузории ҳамоиши илмии «Ҷалолуддин Балхии Румӣ ва умури давлатдорӣ», ки ба ифтихори Рӯзи Мавлоно дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти кишвар доир гардид, зикр шуд.
Лутфия Абдулхолиқзода -ректори донишкадаи мазкур зимни ифтитоҳи ҳамоиш зикр кард, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) ва мероси гаронмояи ӯ пулест барои табодули фарҳанг ва амалҳои башардӯстӣ миёни Шарқу Ғарб. Зикр шуд, ки мероси пурғановати шоир фарогири таҳаммулгароӣ, сулҳи байни мазҳабҳо, рад кардани тафриқа байни инсонҳост.
Иштирокчиёни ҳамоиш доир ба ҳаёт ва фаъолияти ориф, шоир ва мутафаккири барҷастаи асри миёнаи адабиёти классикии тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, хусусан дар мавзӯъҳои «Мавлоно Ҷалолуддин Балхии Румӣ ва тарбияи таҳаммулпазирӣ», «Ақидаҳои фалсафӣ ва иҷтимоӣ дар ашъори Ҷалолуддин Балхии Румӣ», «Ҷалолуддин Балхии Румӣ ва умури давлатдорӣ, «Мақоми Мавлоно ва Азизуддин Насафӣ дар ташаккулёбии фарҳанги таҳаммулгароӣ», « Бозтоби масъалаи ихтилофҳои мазҳабӣ дар «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» сухан карданд.
Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2007 бо Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол 30 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






