Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки навбунёди Баҳористон
Суғд, 11.09.2015 (АМИТ “Ховар”).-Корҳои ободонӣ ва обёрии заминҳои азхудшавандаи мавзеи Сексарии байни шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ, ки дар он ҷо солҳои наздик шаҳраки замонавӣ бо номи Баҳористон бунёд карда мешавад, бомаром идома дорад.
Тавре ки аз мақомоти маҳаллии шаҳри Истаравшан иттилоъ доданд, алъон марҳилаи аввали сохтмони хати об барои ин мавзеъ идома дошта, тавассути қубурҳои 400 миллиметра ба масофаи 2310 метр об бароварда шудааст. Бо ин мақсад истгоҳи обтаъминкунии гурӯҳии шаҳр таъмир гардида, дар он ду обкаши нав насб шудааст ва шинонидани 2 обкаши пуриқтидори дигар дар нақша аст. Илова бар ин, ду чоҳи амудӣ кофта шуда, ҳавзи захиравӣ бо ғунҷоиши 1,5 ҳазор метри мукааб об бунёд ёфтааст.
Дар маҷмӯъ 70 дарсади корҳои лоиҳавии иншоот дар марҳилаи аввал ба анҷом расидааст ва ин хати об то маркази шаҳраки Баҳористон ба масофаи 6,5 километр кашида хоҳад шуд. Баробари ба анҷом расонидани лоиҳаи обёрӣ наздики 35 ҳазор нафар дар ин мавзеъ бо об таъмин хоҳанд шуд.
Бояд хотиррасон кард, ки тибқи нақшаи генералии сохтмони шаҳраки нави Баҳористон дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Истаравшан, дар майдони 200 гектар замин бунёд мегардад ва он аз биноҳои навъи коттеҷи истикоматии як ва дуошёна, инчунин 70 бинои баландошёнаи 7-9-12 ошиёна, ду мактаб, як беморхона, ду боғчаи бачагона, ду майдончаи варзишӣ, бозор, боғи истироҳатӣ, бинои терминали нақлиётӣ, коргоҳи истеҳсоли нон, сехи коркарди ширу гӯшт, коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмон, фермаи чорводорӣ, анбори нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, анбори нигаҳдории масолеҳи сохтмон, гармхона ва сехи коркарди чӯбу тахта иборат хоҳад буд.
Ғайр аз ин шахраки нав дорои 4,5 га замини корам буда, дар он то 10 ҳазор сокин метавонад бо кишту кор машғул гарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






