Ҷашни бошукӯҳ дар назди Шар-шараи Наврӯзгоҳ
Душанбе, 10.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Шоми дирӯз ба муносибати таҷлили 24-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди шаршараи «Наврӯзгоҳи пойтахт» чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар барномаи идонаи консертӣ, ҳунарнамоии устодони санъат, дастаҳои ҳунарӣ ва ситораҳои эстрадаи тоҷик иштирок дошта, бо сурудҳои ватандӯстонаи хеш хотири меҳмонон ва сокинонро болида гардониданд.
Чорабинии идонаро раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳусни оғоз бахшида, сокинони пойтахт ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ин санаи таърихӣ табрик намуд.
Дар ин ҷашни тантанавӣ сокинон ва меҳмонони пойтахт бо ҳисси ифтихору шодмонӣ ва рӯҳияи баланди идона иштирок дошта, ҷашни бузург ва таърихии миллати тоҷик-Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил карданд.
Дар чорабинии идонаи тантанавӣ намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ низ ширкат варзиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






