Ҷашни Истиқлолият дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Сентябрь 10, 2015 03:47

 Ҳамадонӣ: 10.09.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов)- Дар ноҳияи Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ сокинон ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо расонидани кумак ба оилаҳои ниёзманд ва кушодани дастурхони идона барои хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомӣ,  дидбонгоҳҳои сарҳадӣ  оғоз намуданд. Кормандони касбу кори гуногун, муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, кормандони соҳаҳои фарҳангу тандурустӣ, иҷтимоӣ ва қисмҳои низомие, ки дар ноҳия мустақаранд, зери савту навои ватандӯстона дар даст парчами кишвар ва шиору овезаҳо  гузашт аз майдони Исмоили Сомонӣ роҳ  сӯи боғи фарҳангию фароғатӣ пеш гирифтанд.
Ҳамчунин дар хиёбону гулгаштҳои ноҳия ва маркази ҷамоъатҳои деҳот чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ташкил гардида, сайру гашти идона то шом идома ёфт.  

 

Сентябрь 10, 2015 03:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд