Аз вилояти Намангон ҲНИТ-ро маҳкум мекунанд
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — Ман, Ҳоҷӣ Исомиддин Аслонзода, миллатам тоҷик, зодаи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлони ҶТ, бо амри тақдир зиёда аз 15 сол боз дар деҳаи Чодаки ноҳияи Попи вилояти Намангони ҶӮ зиндагӣ мекунам. Аҳолии деҳаи мазкур пурра тоҷикон буда, мо тавассути ВАО хабар ёфтем, ки Ҳоҷӣ Ҳалим – муовини вазири мудофиаи ҶТ ба муқобили мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона карда, дар натиҷа чанд тан аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳалок гардидаанд. Баъди шунидани ин хабар, мо ба тақдири Тоҷикистон ва ҳаммиллатони худ бетараф наистода, қалам гирифтему хостем барои дастгирии ғоявии халқи тоҷик фикри худро иншо намоем.
Бояд қайд кард, ки Ҳоҷӣ Ҳалимро ман аз солҳои 90-ум мешиносам, он солҳо ман аъзои Фронти халқии Тоҷикистон будам. Солҳои 1992-1997 дар водии Вахш барои барпо кардани сохти конститутсионӣ ман яроқ гирифта, бар зидди душманони миллат ҷангидаам. Ва шоҳиди он будам, ки Ҳоҷӣ Ҳалим бо гургбачаҳояш чӣ гуна бар зидди давлат бархоста буданд. Ҳамин тариқ, гуфтан зарур аст, ки ба қавли Саъдӣ «Гургзода оқибат гург шавад». Ҳоҷӣ Ҳалим, ки бунёдаш, аслаш ва пойдевораш ба муқобили миллат буд, ва солҳои 90-уми асри гузашта силоҳ гирифта, бар зидди миллату давлати ҷавони тоҷикон ҷангида буд, оқибат гарчанде дар сафи мақомоти давлатӣ ҳам қарор дошт, вале «гургигарӣ» ва хиёнатро ба халқи тоҷик раво дид. Аз ҳама муҳимаш ҳамин аст, ки аз паси ӯ ҲНИТ қарор дорад. Ӯ аъзои ҲНИТ буда, бевосита ин ҳизб ӯро роҳбарӣ мекард ва барои ноором намудани вазъи Тоҷикистон онҳо ба таври доимӣ талош меварзанд.
Бояд таъкид кард, ки ҲНИТ ҳамеша бар хилофи манфиатҳои миллати тоҷик буд, ҳаст ва мемонад. Дӯстони азиз, ҳаммиллатони ман, ман имрӯз дур аз Тоҷикистон бошам ҳам, аммо вобаста ба тақдиру қисмати Шумо бетараф нестам. Як масъаларо ба Шумо ошкоро бояд бигӯям, то он рӯзе ки ҲНИТ дар Тоҷикистон фаъолият менамояд, хатару таҳдидҳои воқеӣ ба тинҷию оромии он боқӣ мемонад.
Бо эҳтиром, Ҳоҷӣ Исомиддин Аслонзода ва гурӯҳи тоҷикон аз деҳаи Чодаки ноҳияи Попи вилояти Намангон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






