Ба фоҳишахона табдил додани манзили зист
Душанбе, 22.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 25-солаи шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 239 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд. Гумонбаршуда, санаи 18-уми сентябри соли равон хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 28-солаи сокини н. Б.Ғафуров ва зани 26-солаи ш. Истаравшан барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 120-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамчунин муайян гардид, ки гумонбаршуда рӯзи 21-уми сентябри соли 2015, тахминан соати 14:00-дақиқа дар хонаи истиқоматии мазкур ба шаҳрванди 20-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд ва зани 35-солаи сокини ҳамин шаҳр барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо низ 120-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






