Ба муқобили Ватан ва миллати худ силоҳ бардоштан ҷинояти нобахшиданист
Душанбе, 19.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мутобиқи муқаррароти моддаҳои 14 ва 16-уми Конститутсияи ҶТ ҳуқуқу озодиҳои инсон аз тарафи давлат ҳифз мегарданд. Ҳимояи сохти конститутсионӣ аз вазифаҳои бевоситаи давлат мебошад ва давлат дар ҳолати ба хатар дучор омадани сохти конститутсионӣ, алалхусус бо истифода аз амалҳои террористӣ, ки боиси марги шаҳрвандони ҷумҳурӣ мегардад, вазифадор аст ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ кунад.
Аз ин лиҳоз Изҳороти расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оғоз шудани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба роҳбарону саркардагон ва аъзои гурӯҳи ғайриқонунии собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим дар чаҳорчӯбаи вазифаҳои бевоситаи давлат оид ба ҳифзи сохти конситутсионӣ мебошад.
Мавриди қайд аст, ки силоҳ ба даст гирифта, ба муқобили халқ ва Ватани худ бархостан ҷинояти нобахшиданӣ мебошад.
Абдуҷалилов А., Неъматов А. — олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






