Бадкирдории террористони худкуш дар Санъо
Душанбе, 25.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Бар асари таркише, ки террористони худкуш дар яке аз масоҷиди пойтахти Яман шаҳри Санъо ба миён оварданд, қариб 30 нафар ҳалок гардида, даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.
Агентии Синхуа хабар медиҳад, ки баъди адои намоз аз масҷид берун шудани мардум ду террористи худкуш асбоби таркандаро ба кор дароварданд, ки ин боиси талафоти сершумор гардид. Нафарони захмишуда ба беморхонаҳои пойтахт бурда шуданд, вале ба иллати кифоят накардани дорую таҷҳизоти техникӣ беморхонаҳо имконияти сари вақт расонидани ёрӣ ба шахсони захмишударо надоранд.
То ҳол масъулияти ин амалиёти террористиро ягон созмон ба дӯши худ нагирифтааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






