Байторон бо техника таъмин гардиданд
Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идоракунии Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» байторони ноҳияҳои Шӯрообод ва Муъминобод бо 32 адад мототсикл таъмин гардиданд.
Ба иттилои намояндаи лоиҳаи мазкур Муҳриддин Музаффаров, кумаки мазкур ба байторон имконият медиҳад, ки сари вақт аз ҳолати чорвои аҳолӣ бохабар гардида, барои солимии он чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Дар маросими супоридани техника зикр гардид, ки дастгирии мазкур дар заминаи татбиқи амалии барномаҳои давлатии рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо роҳандозӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки байтороне, ки соҳиби мототсиклҳо гардиданд, дар мувофиқа бо Хадамоти байтории Вазорати кишоварзӣ интихоб гардида, бо ҷалби олимон ва мутахассисони соҳа аз ҷониби Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон барои онҳо курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар ноҳияи Шӯроообод техникаи дастрасгардида дар ҳудуди шаш ва дар ноҳияи Муъминобод бошад, дар ҳудуди ҳафт ҷамоати деҳот ба байторон ва аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Дар ин замина дар доираи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бошад, бо мақсади ба роҳ мондани хизматрасониҳои байторӣ дар ноҳияҳои зерҳадаф сохтмони 22 клиникаи байторӣ ба нақша гирифта шудааст. Клиникаҳои байторӣ бо дастгирии Муассисаи давлатии Маркази идоракунии Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






