Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Серж Саргсян
Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Серж Азатович,
Аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Арманистонро бо солгарди ҷашни миллии кишвар-Рӯзи истиқлолият табрик гӯям.
Тоҷикистон ба муносиботи шарикӣ бо Арманистон арҷ мегузорад ва мо бо қатъият хоҳони ба таври муназзам рушд додани ҳамкории мутақобила дар тамоми самтҳоем. Муътақидем, ки бо кӯшишҳои муштараки мо ҳамкории мутақобилаи ду кишвар мустаҳкам гардида, бахшҳои нав ба навро фаро мегирад.
Ба Шумо, Серж Азатовичи муҳтарам, таманнои сиҳатии комил ва муваффақиятҳои минбаъдаро намуда, ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






