Баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ дар Душанбе
Душанбе, 26.09.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- «Варзиш- гарави саломатист!»-таҳти чунин унвон субҳи имрӯз бо иштироки доираи васеи ҷавонону наврасон дар назди Сирки давлатӣ ва Театри опера ва балети ба номи С. Айнии пойтахт чорабинии дав ва машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардиданд.
Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ, Литсейи хизмат ва туризм, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намуди гӯштин ва сокинони пойтахт иштирок доштанд.
Ёдрас мешавем, ки барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш миёни ҷавонону наврасон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳар рӯзи шанбе дар назди Сирки давлатӣ ва Театри опера ва балети ба номи С.Айнии шахри Душанбе бо иштироки теъдоди зиёди наврасону ҷавонон дав ва машқҳои пагоҳирӯзӣ доир мешаванд.
Гуфта мешавад, ки машқҳои пагоҳирӯзӣ аз ҷониби сохторҳои кумита дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби васеи аҳолӣ баргузор мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






