Баргузории намози иди Қурбон дар масҷиди марказӣ
Душанбе, 24.09.2015, (АМИТ «Ховар»). Субҳи имрӯз дар масҷиди марказии ба номи «Ҳоҷӣ Яъқуб» бо ҳузури ҳазорон намозгузорон намози Иди Қурбон баргузор гардид. Намози Иди Қурбонро бо намозгузорон раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода хонда, барои боз ҳам ободу зебо шудани мамлакат ва ҷовидонӣ пойдор мондани амну осоиштагӣ дар сарзамини тоҷикон дуову дархост аз даргоҳи Худованд кард.
Дар баробари сокинони пойтахт ҳамчунин шаҳрвандони мусулмони хориҷӣ, ки дар Душанбе кору фаъолият ва таҳсил мекунанд дар намози иди Қурбон иштирок карда, аз фазои осудаву идона дар Тоҷикистон ситоиш намуданд.
Хотиррасон мекунем, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон рӯзи иди Қурбон истироҳатӣ буда, дар ин рӯз сокинон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат иди Қурбонро бо шодмонӣ ва фараҳмандӣ ҷашн мегиранд, ба зиёрати наздикону пайвандон мераванд ва дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд.
Ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» ва радиои «Ховар» сокинони мамлакатро ба рӯзи иди Қурбон самимона табрик мегӯяд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






