Баррасии ҳамкориҳо дар байни Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ
Душанбе, 01.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф дар байни Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода бо Раиси Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон Парвиз Фаттоҳ буд, ки имрӯз баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зикр гардид, ки ҳамкориҳо дар асоси Нақшаи чорабинии муштарак барои солҳои 2015-2020 оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Ҳумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сентябри соли 2014 ба роҳ монда шудааст. Ҳамкорӣ асосан масъалаҳои ҷудо намудани қарзҳои бефоиз ба занҳои хонашин ва бекор, оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ барои роҳандозӣ намудани соҳибкории инфиродӣ; таъсиси марказҳои таълимию истеҳсолӣ ва синфхонаҳо барои омўзиши касбҳои кафшергарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо, заргарӣ, кандакорӣ, гулпартоӣ дар матоъ ва қаннодӣ, ташкилу баргузории конфронсҳои муштараки илмиро дарбар мегирад.
Дар охир меҳмонон аз Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” боздид намуда, тасмин гирифтанд, дар рўзҳои наздиктарин ба 21 нафар духтарон, ки касби дўзандагиро аз омӯхтан доранд, мошинаҳои дарздўзӣ ва ба 12 нафар таълимгирандагони заргарии ин муассиса кӯмаки молиявӣ расонанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






