Баррасии меъёрҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи иҷтимоӣ
Душанбе, 17.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи модарон ва кумакҳои пулию тиббӣ ба онҳо»- таҳти чунин унвон рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон дар бинои «Душанбе Плаза» семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки он имрӯз кори худро ҷамъбаст кард.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари мазкур якҷоя бо Ташкилоти байналмилалии меҳнат бахшида ба соли оила гузаронида шуда, дар кори он намояндагони вазорату идораҳои алоқаманд, Иттифоқи касаба, Иттиҳодияҳои корфармоён ва намояндагони ташкилоти мазкур иштирок доштанд.
Зимни баррасии мавзӯи мазкур зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Ташкилоти байналмилалии меҳнат қариб 50 конвенсия ва тавсияномаи ин созмони бонуфузи ҷаҳониро эътироф ва қабул намудааст. Аз ин рӯ муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи марбут ба ҳуқуқи меҳнатию иҷтимоии занону кӯдакон ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошанд.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин самтҳои минбаъдаи рушди низоми таъминоти иҷтимоӣ ва сиёсати суғуртавии коргарон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






