Баррасии муаммоҳои низоми андозбандӣ

Сентябрь 25, 2015 06:54

Душанбе, 25.09.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  дар мавзӯи «Муаммоҳои низоми андозбандӣ дар рушди соҳибкорӣ» семинари илмию амалӣ доир шуд.
Тибқи иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева, дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии донишкада  Тоҳир Исломов барои бартарафкунӣ ва ҳалли муаммоҳои тартиби андозбандӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ пешниҳодҳои мушаххасро иброз дошт. 
Пешниҳод гардид, ки бо мақсади рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ ва ситонидани андози замин вобаста ба шакли кадастрии замин қисми 2, моддаи 273 ва қисми 4 моддаи 302 КА ҶТ аз эътибор соқит карда шаванд. Барои он ки ин қисмҳои Кодекси андоз пешбинӣ кардаанд, ки меъёри андози замин ва андози ягона ҳамасола бо назардошти сатҳи таваррум меафзояд. Аммо ҳосилнокӣ ва даромаднокии замин бо назардошти сатҳи таваррум намеафзояд ва на ҳамаи заминҳо барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифода мешаванд.
Барои дуруст ба роҳ мондани тартиби андозбандӣ ва аз байн бурдани иштибоҳ дар қонунгузории андози амалкунандаи ҶТ ба қоидаҳои андозбандии тибқи патент фаъолияткунанда тағйирот ворид кардан лозим аст. Ҳамчунин барои дуруст ба роҳ мондани тартиби ҳисоббаробаркунӣ бо буҷаи давлат ба сархатҳои 1 ва 2, қисми 3 КА ҶТ тағйирот илова кардан лозим аст, зеро дар амал кормандони мақомоти андоз маблағҳои барзиёди пардохтшудаи андозсупорандагони аз ҳисоби андозҳои ба буҷаи маҳаллӣ тааллуқдоштаи барои мақсадҳои қарз аз ҳисоби андозҳои ба дигар буҷаҳо воридшавандаро ба инобат намегиранд. 
 Сардори шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Қутбиддин Муқимов ва мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ Хуршед Ҷумъабоев доир ба мавзӯъ сухан карда, таъкид карданд, ки ин пешниҳодҳо дар натиҷаи таҳлили қонунгузории андоз сурат гирифта, барои дуруст ба роҳ мондани тартиби андозбандӣ, сари вақт пардохтани андозҳо, мукаммал гардонидани Кодекси андози амалкунанда мусоидат мекунанд. Пас аз таҳлилу баррасӣ пешниҳодҳои мазкур ба мақомоти дахлдор ирсол мешаванд.

 

Сентябрь 25, 2015 06:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!