Баррасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария

Сентябрь 21, 2015 08:59

Душанбе, 21.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- 18 сентябри соли 2015 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Ҷ.Ҳомидов бо сардори Раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Департаменти Федералии корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария Николас Брюл баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсарияро баррасӣ карда, оид ба имкониятҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд.
Зикр  гардид, ки сарфи назар аз сатҳи хуби ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Швейтсария, иқтидори васеъкунии ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла муҳоҷират, иқтисод, маориф ва фарҳанг вуҷуд дорад.

Сентябрь 21, 2015 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд