Баррасии нақши криминалистика дар ошкоркунӣ ва тафтиши ҷиноятҳо
Душанбе, 29.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Нақши криминалистика дар ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳо»-таҳти чунин унвон чанде пеш дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки мутахассисони байналмилалӣ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар анҷумани илмӣ олимони донишгоҳҳо ва ташкилоти илмӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва мақомоти судӣ, ҳуқуқшиносон, роҳбарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва кишварҳои узви ИДМ иштирок намуданд.
Ҳадафи конфронси мазкур ҳамоҳангсозии кӯшишҳои олимони ватанию хориҷӣ оид ба масъалаҳои ҳалталаби илм ва амалияи криминалистика буд, то ки дар фазои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии Тоҷикистон дар муқоиса бо дастовардҳои давлатҳои иштирокдор дар ин самт, баҳри мукаммалсозии қонунгузории соҳавӣ ва рушду ташаккули илми криминалистика боз як қадами устувор гузошта шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






