Баррасии суннати номгузорӣ дар Душанбе
Душанбе, 29.09.2015.(АМИТ «Ховар», Зарина Саидзода).- Дар конфронси ҷумҳуриявӣ, ки таҳти унвони «Номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ» имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, зикр шуд, ки Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик таҳти унвони «Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон» китоб ба табъ расонидааст. Зимни омӯзиши китоби мазкур ба назар мерасад, ки зимни масъалаи номгузорӣ ва иваз намудани номи маҳалҳои аҳолинишини кишвар комиссияҳои номгузорӣ ба шитобкорию саҳлангорӣ роҳ дода, қисме аз номҳои таърихию ҷуғрофиро аз байн бурдаанд. Таъкид гардид, ки дар ин самт Ҳукумати мамлакат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар, Кумитаи забон ва истилоҳот ва Академияи илмҳои ҷумҳурӣ оид ба рафъи ин мушкилот супоришҳои мушаххас додаанд.
Мавриди зикр аст,ки ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гузаронида шуда, дар он олимону муҳаққиқони забоншинос, бостоншинос ва таърихшинос дар мавзӯъҳои номгузории ҷуғрофӣ ва суннатҳою мушкилот маърӯза намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






