Беҳрӯз- ғолиби мусобиқа дар Қазоқистон
Душанбе, 16.09.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муҳорибаҳои омехта доир гардид. Дар мусобиқа 2 варзишгари тоҷик Мақсуд Аминов ва Беҳрӯз Зуҳуров бо мураббӣ Шерзод Нормуродов таҳти роҳбарии Фарҳод Муртазоев ширкат варзиданд. Дар қатори варзишгарони дигар кишварҳо Беҳрӯз Зуҳуров тавонист шарафи кишвари моро ҳимоя кунад. Беҳрӯз бо варзишгари қазоқ Нариман Мусоев, ки зодаи Чеченистон буд, дар вазни 66 кг ҳунарнамоӣ намуд ва дар намуди касбӣ пеш аз муҳлат бо усули буғӣ кардан ба рақибе, ки аз рўи вазн аз ӯ зиёдтар буд, дастболо гашт. Ин пирўзии нахусти Беҳрӯз набуда, ҳамчунин ў барандаи мусобиқаҳои байналмилалии шаҳри Душанбе барои дарёфти камарбанди шоҳ Исмоили Сомонӣ ва ҷоизадори Ҷоми ҷаҳон дар Қриму Сочи мебошад. Фарҳод Муртазоев иброз намуд, ки онҳо аз ин пас дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат ва варзишгарони лаёқатмандро ба онҳо сафарбар менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






